Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳияи Шуғнон низ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву наҷот аз ҷумлаи кормандони Маркази наҷот ва наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ гуруҳи фаврӣ созмон дода шудааст.

«Дар натиҷаи роҳандозии амалиётҳои ғаввосӣ дар дарёи Панҷ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз мошин ва мусофири он пайдо шуд. Онро аз чуқурии даҳҳо метр боло кашиданд ва ба соҳил расониданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ҳамоно идома дорад», - омадааст дар хабари Кумита.

Кори ғаввосон
хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ

Кумита аз ронандагон дархост кардааст, ки дар роҳҳои мошингард дар ин фасли зимистон хеле эҳтиёткор ва бодиққат бошанд, зеро саломатӣ ва ҳаёти инсонҳои дигар аз онҳо вобаста аст.