Бар асари ба ҳам бархӯрдани се автомашинаи боркаш дар дохили нақби «Шаҳристон», ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба муддати наздики 5 соат боздошта шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи чоршанбе рух дода, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақб аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа мутаваққиф шудааст.

Бино ба иттилои Кумита, дар дохили нақб якбора се автомашинаи боркаш ба ҳамдигар бархӯрдаанд, ки дутои онҳо ба самти Душанбеву як автомашинаи тамғаи «Дулан» ба Хуҷанд раҳсипор будаанд.

Гуфта мешавад, ронандагони автомашинаҳо дар кабинаҳо дармонда, наҷотдиҳандагони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда онҳоро аз автомашинаҳо берун овардаанд ва ба бемористони ноҳияи Шаҳристон интиқол додаанд.

Айни замон наҷотдиҳандгони Кумита дар ҳамдастӣ бо хадамоти ширкати Innovative  Road  Solutions  (IRS) ва кормандони милитсия як автомашинаи паҷақшудаву осебдидаро аз дохили нақб берун оварда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор ва корҳои аз нақб берун овардани ду автомашинаи осебдида идома дорад.