Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар сомонаи расмиаш доир ба ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки бар асари он мушовири вазири мудофиа генерал-майор Зариф Шарифзодаи 46-сола ҳалок шуд, маълумот дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бегоҳии 18 январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Умари Хайём бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаааст.

«Дар натиҷа автомашина ба қисмати тарафи рости роҳ баромада, дар ҷуйбори обрав қарор мегирад, - омадааст дар маълумот. - Мутаассифона, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ба ҳалокат расидааст».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиа, фарзияи асосии садама ин аст, ки ҳангоми сари рули автомашина қарор доштани генерал, эҳтимол дилаш аз кор монда, автомашина ба мошини дар пешистода бархӯрдааст.

Генерал-майор Зариф Шарифзода то моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси муовини аввали вазири мудофиа кор мекард. Баъди ба исёни мусаллаҳона даст задани муовини дигари вазир Абдуҳалим Назарзода ва безарар гардонидани гурӯҳи ӯ, ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла Шарифзода низ аз мансабҳояшон барканор шуданд. Баъдан ӯ мушовири вазири мудофиа шуд.