Чанде қабл дар вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишти оташдон 4 нафар аъзои як оила дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 6 феврал дар шаҳри Панҷакент рух додааст.

«Марди 34-сола бо ҳамсару ду кӯдакаш бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар бемористон бистарӣ шуда, писарчаи 9-сола дар роҳ ба беморхона ҳалок ва мард бо ҳамсару духтарчааш наҷот дода шудаанд», - гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки ин оила барои гарм кардани манзили зисташон дар оташдони хона аз ангишт истифода мекардаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ бекор шуда бошад ҳам, лекин бар асари сардии беҳад зиёди обуҳаво, аксари сокинони минтақаҳо барои гарм крадани хонаҳо аз ангишт истифода мекунанд.