Имрӯз соати 12:50 дақиқаи вақти Душанбе дар мавзеи наздики кӯли Сарез дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи 4,7 балла рух дод.

Бино ба маълумоти сомонаи Хадамоти геофизикии амрикоӣ, маркази заминларза дар 99 километр аз маркази ноҳияи Мурғоб, мавзеи ҷанубу шарқии кӯли Сарез дар чуқурии 117 километр ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи геология ва зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе низ бо иқтидори 2 балл эҳсос шудааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ин ҳодиса алҳол шарҳ дода намешавад.