Ҷавонзани сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кӯшиши худкушӣ карда, худро ба Сирдарё партофт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса субҳи рӯзи 27-уми феврал рух дода, ҷавонзани 28-сола аз болои пули дарёи Сир худро ба оби сарди он ҳаво додааст.

«Дар ин ҳол ба наҷотбахшони Кумита лозим омад худро ба об андозанд ва занро аз чанголи марги иҷборӣ наҷот диҳанд, - омадааст дар маълумот. - Барояш аввалин кӯмаки тиббӣ расонида шуда, вай аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард ва айни замон худро солим ҳис мекунад».

Қобили зикр аст, ки соли 2016 дар қаламрави вилояти Суғд 327 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки афроди ба ин амалҳо дастзада 159 нафарашон мардон, 168 нафарашон - занон ва 55 нафарашон - ноболиғон мебошанд.

Соли 2014 шумори ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он - 550 ҳолат ва соли 2015 - ба 624 ҳолат расида буд.