Дар қаламрави ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд пиёдагард, ҷавони 34-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъдан ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, ҷавони 22-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар роҳи мошингарди мазкур ҳаракат мекардааст, пиёдагарди дар боло зикргардидаро дубора пахш намуда, ӯ низ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармо-гармӣ ин ронандаҳо ҳамчун гумонбар дастгир карда шудаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2016 дар роҳҳои мошингарди кишвар 1 ҳазору 323 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 427 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 415 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.