Дар як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки дар ҷашни Рӯзи модар дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, 6 кас ҷон бохта, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.

«Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” ва мусофирони он: зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо ҷароҳатҳои ҷисмонии вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаанд.