Дар вилояти Суғд писарчаи хурдсол бар асари беэҳтиётии падараш зери чархи автомашинаи КАМАЗ монд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилоят хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 10 март дар ноҳияи Ашт рух дода, нимаи аввали рӯз ронандаи автомашинаи КАМАЗ, сокини 30-солаи ноҳияи Ашт назди хонаи худ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт нааромада, писарчаи 3-солаашро пахш мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.