Марди калонсоле, ки бар асари таркиш дар Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид, шояд баста (пакет)-и шубҳанокеро пайдо намуда, онро ба прокуратура бурданӣ шудааст. Дар шаҳр чунин гуфтугузорҳо вуҷуд дорад.

Дар ин гуфтугузорҳо зикр мегардад, ки ҳалокшуда худро натарконида, бастаи шубҳаноки ёфтаашро ба прокуратура нишон доданӣ будааст. Литсейе, ки дар он Ҳасанбой Раҳимови 67-сола ба ҳайси посбону боғбон кор мекард, дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон ҷойгир шудааст.

Дар ВКД Тоҷикистон ин гуфтаҳоро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд. «То анҷоми тафтишот чизе гуфта наметавонем, - гуфт ба «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ. - Айни замон гурӯҳи тафтишотии ВКД дар ҷойи ҳодиса машғули кор аст».

Дар ҷойи ҳодиса раҳбарияти литсей аз суҳбат бо журналистон худдорӣ варзида, аз сарчашмаҳои дигар маълум шуд, ки ҳалокшуда аз соли 2009 дар литсей фаъолият дорад ва машрубот ҳам истеъмол намекардаасту он қадр диндор ҳам набудааст ва корашро хуб ба иҷро мерасонидааст.

Сокинони хонаҳои наздики ҷойи ҳодиса мегӯянд, садои таркишро шунида, вале ҳеҷ кадомашон ба кӯча набаромадаанд, то бубинанд, ки чӣ ҳодисае рух додааст.

Дар ҷой ҳодиса кормандони сохторҳои қудратӣ ба таҳқиқ машғуланд. Чанде қабл муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба Қӯрғонтеппа омадаанд.