Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар бинои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 18-уми марти соли 2017, соати 07:27-дақиқа ба Хадамоти оташнишонии ВКД хабар расидааст, ки дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оташ сар задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум шудааст, ки дар утоқи қабули шаҳрвандон сӯхтор ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, ду дастаи автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар ва сӯхтор сари вақт хомӯш карда шудааст.

Акс аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТ

Зикр мегардад, ки сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ аз гармшавии ноқилҳои компютерҳо сар задааст. Дар вақти санҷиш маълум карда шуд, ки ба утоқҳои корӣ зарари ҷиддӣ нарасидааст.