Дар қаламрави яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз пойтахт ба хизмат даъват шудааст, ҳамхизмати худашро аз Ҳисор парронидааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бар асари ин ҳодиса сарбоз захмӣ шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин далел дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Халон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, яке аз фарзияҳои рух додани ин ҳодиса аз беэҳтиётӣ тир кушодан аз автомати Калашников унвон мешавад.

Бо дастури раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар тамоми воҳидҳои ҳарбии ин сохтор ҷиҳати нигаҳдорӣ, назорат ва истифодаи силоҳи оташфишон, ки дар ихтиёри ин сохтор қарор дорад, санҷиш гузаронида мешавад.