Дар кӯчаи Баҳори шаҳри Душанбе субҳи рӯзи 28 март бар асари ҳодисаи нохуш як зан ба ҳалокат расид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита маълумот медиҳад, ки ҳангоми баромадан ба баландии роҳ муҳаррики автомашинаи тамғаи “Камаз 43255” хомӯш шуда, он ба қафо ҳаракат мекунад.

Гуфта мешавад, ронанда, марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи боздошти он набаромада, автомашина ба девори ҳавлии истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад, ки дар натиҷа соҳибхоназан таги девор монда, бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.