Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ медиҳад, заминларза соати 4-у 25 дақиқаи субҳ рух дода, маркази он дар 280 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 15 километр аз шаҳри Хоруғ воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, иқтидори заминларза дар маркази он - 4 балл ва дар шаҳри Хоруғ - 3 баллро ташкил додааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.