Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон пас аз муноқишаи оилавӣ ҳамсари 27-солаашро бераҳмона ба қатл расонид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  ин мард дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб мегирад ва бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад.

«Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш, ҷасади ҳамсарашро дар мавзеи заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон бо истифодаи сӯзишвории бензин оташ зада, қисми боқимондаи ҷасадро ба дохили халта ҷой карда гӯронидааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Зикр мегардад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, номбурда бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.