Замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.

«Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар Вазорат қайд карданд, ки масъалаи марбут ба қатъи кори консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург он вақт миёни ҷонибҳои мувофиқа шуда буд.

«Маъмулан дар шаҳрҳои кишварҳои шарик дар сурати мавҷуд набудани консулгарии генералӣ, сафирони фахрӣ таъин шуда, ба ин вазифа шаҳрандони ин ё он кишвар, ки бо Тоҷикистон робитаҳои зич доранд, интихоб мешаванд. - шарҳ доданд дар Вазорат. - Маҳмадназар Мирзода яке аз чунин шаҳрвандони Русия аст, ки замоне консули фахрӣ дар шаҳри Санкт-Петербург таъин шуд».

Дар робита ба истифодаи ғайриқонунии рақамҳои дипломатӣ аз ҷониби Маҳмадназар Мирзода дар автомашинааш, дар Вазорат зикр карданд, ки ин масъала айни замон мавриди баррасии мақомоти интизомии Русия қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 31 март дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербург баъди тирпарронӣ автомашина бо рақамҳои дипломатӣ боздошт шуд. Ин автомашинаро панҷ мошини мақомоти пулис таъқиб кардаанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳад.