Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ҳодисаи сангрезии зиёд рух дода, даҳҳо нафар маҷбур шуданд, ки бо фирор аз манзилҳои худ ҷон ба саломат баранд.

Сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоиро гузоштаанд. Дар он дида мешавад, ки даҳҳо нафар аз сангрезӣ дар маҳаллаи Сайфулло Абдулло (Гулакен) худро ба макони амн паноҳ мебаранд.

Ба гуфтаи шоҳидон, аз ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони маҳаллӣ барои тарки манзилҳояшон кумак мекунанд.

Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуотии ҳукумати Бадахшон, дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” дар ин робита гуфтааст, дар пайи ин ҳодисаҳо "як хона пурра, 5 манзил қисман ва 5 хонаи дигар андак зарар дидаанд. Зиёда аз 300 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд. Қисмати зиёд ба хонаҳои хешу таборашон рафтанд".