Бар асари як садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ зани 49-сола ва набераи 2-солаи ӯ ҳалок шуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, нимаи дуюми рӯзи 24-уми апрел ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-330”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин бархӯрд зани 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва набераи хурдсолаш, писарбачаи 2-сола зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.