Имрӯз соати 09:47 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳолати аввал заминҷунбӣ 4-5 балл ва дар ҳолати дуюм 6 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 3 балл баробар буд.

Зикр мегардад, ки мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ин заминларза дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.