Соати 01:30 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи нав рух дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, маркази заминҷунбӣ дар 263 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Вахш воқеъ буда, қуввваи заминларза дар марказ - 5 балл, дар ноҳияи Лахш - 4 балл ва шаҳри Душанбе - 2 баллро ташкил додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова хабар дод, тақрибан дар ҳамин вақт бар асари шамоли пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳодисаҳои осеби дарахтон ва боми як манзили зист ба қайд гирифта шуда, талафоти ҷонӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:47 дақиқаи рӯзи 3 июн низ дар қаламрави Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуда, маркази он километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ шуд.