Бо айби як ронандаи ҷавон 54 сар гӯсфанд талаф ёфта, боз ҳудуди 40 сари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса нимашаби рӯзи 9-уми май дар роҳи мошингардаи Ёвон - Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Бӯстон рух додааст.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Ваҳдат бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, рамаи гӯсфандонро, ки ба марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, пахш намудааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, 94-сар гӯсфанд ҷароҳат бардошта, аз онҳо 54-сар гӯсфанд талаф ёфтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.