Бар асари заминларзаи қуввааш 5,5 балл дар қаламрави ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин дастикам 8 нафар ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агентии «Синхуа» дар ин робита менависад, заминларза соати 05:58 дақиқаи субҳ бо вақти маҳаллӣ дар музофоти мухтори Тошқӯрғон рух дода, маркази он дар чуқурии 8 километр воқеъ будааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, пас аз заминдарзаи асосӣ боз замин якчанд маротибаи дигар низ такон хӯрда, аз ин офат дар маҷмӯъ 789 нафар сокинони маҳаллӣ осеб ва қариб 200 бино хароб шудааст.