Як сокини шаҳри Роғун ба гумони даст доштан дар куштори писарамаки 11-солааш боздошт шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Роғун бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.

«Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 26-уми майи соли 2017 дар ҳудуди деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо писари амаки 11-солааш, сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.