Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ зани 39-сола бо писараш бедарак шуда, онҳоро бо гузашта ду шабонарӯз дарёфт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 26 май зани 39-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо писари 5-солааш аз хонаашон баромада, ба саҳро барои овардани чорвоҳояшон мераванд ва бинобар сабаби роҳро гум карданашон, ду шабонарӯз ба хона барнагаштаанд.

«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеъи Селдараи ҷамоати деҳоти Нури-Ваҳдати ноҳия зан дар ҳолати вазнин ва ҷасади писарчаи хурдсолаш дарёфт карда шуд», - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар вақти ба беморхона дастрас намудан, зан низ дар роҳ ба ҳалокат расидааст.