Дар яке аз меҳмонхонаҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз сӯхтор сар зад. Айни замон дастаи оташнишонон ба хомӯш кардани он машғуланд.

Сӯхтор дар меҳмонхонаи “Сайри Орзу” тақрибан нимаи рӯз ба амал омада, бошандагони он саривақт ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.

Дар бораи сабаби сар задани сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест.

Бо дастрасии маълумот тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.