Бар асари резиши сангпораҳо аз кӯҳ дар километри 51-уми шоҳроҳи Лабиҷар - Сангвор - Дарвоз ронанда ва боз 2 нафар мусофирони  автомашина ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯшон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба соҳили дарёи Хингоб чаппа кардааст.

Гуфта мешавад, мутаассифона мусофирони дохили автомшина зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯшон ва зани 52-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, зани 43-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, зани 80-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғон: духтарчаҳои 10 ва 11-солаи сокинони ноҳияи Дарвоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.