Дар наздикии деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз як заврақе дар дарёи Панҷ чаппа шудааст, ки 7 нафар дар он савор будаанд. Чор тан аз онҳоро тавонистаанд наҷот бидиҳанд, вале се нафар дигар ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева, котиби матбуотии раиси ВМКБ, заврақ ба созмони байнулмилалии “Фокус” тааллуқ дошта, дар корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар кӯле, ки ҳафтаи гузашта бар асари фаромадани ярч пайдо шуда буд, истифода мешудааст.

Ҳалокшудагон корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, корманди милитсия ва як сокини маҳаллӣ будаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияиДарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч лағжида, дарёи Панҷро пӯшонд ва дар натиҷа об аз соҳилҳо баромад. Бар асари ин ҳодиса 22 манзили сокинони деҳа ва ҳамчунин як қисмате аз роҳи Хоруғ - Душанбе зери об монд.