Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автомашина ба дарё чаппа шуда, аз 4 нафари дар дохили он қарордошта ҷасади танҳо 1 нафарашон дарёфт шудааст.

Нимаи рӯзи 6 август автомашаинаи тамғаи «ВАЗ-2106» ба дарёи Язғулом чаппа шуда, дар дохили он ҳамроҳи ронада се нафар мусофир ҳузур доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокини маҳаллӣ тариқи телефон хабар дод, то ин вақт бо ҷаҳду талошҳои сокинони деҳаи Андарбак-Жамаги ноҳияи Ванҷ ҷасади сокини 47-солаи маҳаллӣ Маҳбубшоҳ Амоншоев дарёфт шудааст.

Зикр гардид, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои Назруллоҳ Ноибови 50-сола, Имоммаҳмад Имомови 49-сола ва Толиббек Ғиёсови 24-сола идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар мавзеи Приони рух дода, автомашина бар асари аз баландии 100-метр фаромадани санг ва бархӯрдани он ба автомашина ба дарё сарозер рафтааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд.