Муддати аллакай ду рӯз аст, ки ҷасад ва автомашинаи муовини тозатаъини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ ҷустуҷӯ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, Рамазон Муҳаммадзода аввали ҳафтаи равон ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, бо автомашинааш ба ҷои нави хизмат раҳсипор шудааст.

Дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҷуз Рамазон Муҳаммадзода боз ду нафар мусофири дигар, сокинони Душанбе низ будаанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, рӯзи 9 август дар наздикии деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ автомашина ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.

«Ҳуҷҷатҳои мансуб ба муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар соҳили дарё дарёфт шудааст», - итттилоъ дод манбаъ.

Аввали ҳафтаи равон Муҳаммадзода ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, рӯзи чоршанбе бояд ба ҷойи нави кор ҳозир мешуд. То таъин шудан ба ин вазифа Муҳаммадзода ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон фаъолият дошт.

Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои Рамазон Муҳаммадзода ва мусофирони автомашинаи ӯ алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ному насаби мусофирон алҳол муайян карда мешавад. Бино ба иттилои хабаргузории Суғднюс, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, мусофирон волидони табиби Маркази саратоншиносии Душанбе будаанд, ки ба осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли ҷумҳурӣ сафар доштаанд.