Дар хиёбони Рязански шаҳри Маскав аз зарби корди як тоссари рус як арманиву як қирғиз ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Knews.Kg бо истинод ба «Московский комсомолетс», соати 5-и субҳ се нафар ҷавонони маст аз машрубот бо аломатҳои зоҳирии тоссарон ё худ скинхедҳо (миллатгарои рус) бо баҳонаи ночизе ба зодаи 69-солаи Арманистон, фурӯшандаи дӯкони оби ҷав (пиво) Лев Камалян ба муноқиша пардохта, бо корд ба қафаси синаи ӯ зарба мезананад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, онҳо ҳамчунин ба миҷози ин дӯкон, зодаи 36-солаи Қирғизистон Нурик Мундузов низ дарафтода, ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Мотосиклрон Александр низ барои халос кардани онҳо кӯшида, аз китфаш ҷароҳат бардоштааст.

Баъдтар Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки ҳамла ба се нафар мардон аз ҷониби 1 нафар сурат гирифта, гумонбаршуда ба куштор Иван Скоркин боздошт ва ӯ пештар барои ғоратгарӣ ду бор муҷозот шудааст.

Тибқи фарзияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршуда Иван Скоркин дар ҳолати мастии сахт дар заминаи муносибатҳои бадбинона ба ду мард бо корд ҳамла карда, яке аз мардон дар ҷойи ҳодиса ва дигарӣ дар автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ҳалок шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.