Табибони бемористони ёрии таъҷилӣ акси як марди дар садамаи нақлиёт осебдидаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Вазъи мард вазнин аст. Табибон ва кормандони БДА хешовандону наздикони ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи Ёрии таъҷилӣ хабар доданд, марди осебдидаи нимаи рӯзи 15 август ба бемористон оварда шуда, дар мавзеи гардишаи фурудгоҳ ба садамаи нақлиёт дучор шудааст.
«Мардро худи ронандаи автомашинае, ки ӯро пах кардааст, ба бемористон овард. Худи ҳамин рӯз ӯ ҷарроҳӣ шуд. Мард беҳуш аст. Сарашу ду поя ҷароҳат бардошта, ҳолаташ вазнин аст», - гуфтанд дар бемористон.
Бино ба маълумоти табибон, мард тахминан 50-сола буда, аз ӯ ягон ҳуҷҷате дарёфт нашудааст. Мард то ҳол ба ҳуш наомадааст.
Баҳри дарёфти пайвандону наздикони осебдида табибон тасмим гирифтаанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифола кунанд ва аксро бо ин мақсад гузоштаанд.
Дар шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 15 августро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ин ҳодиса марди 50-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «Мерседес» монда, ронандаи ҳамин автомашина марди осебдидаро ба бемористон овардааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста