Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд падар ва духтареро наҷот доданд, ки дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, сокини 29-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳангоми сайр дар гидросикл ҳамроҳ бо духтари 8-солааш қоидаи техникаи бехатариро вайрон карда, дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва падару духтари зери он монданд.

Гуфта мешавад, наҷотбахшони Кумита саривақт ба кумак расида, дар як лаҳза онҳоро аз об берун кашидаанд ва ба наҷотёфтагон кумаки аввалияи тиббӣ расонида, онҳо бистарӣ шудан дар бемористонро рад кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки баъдтар маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми идораи гидросикл аз истеъмоли шароб сархуш будааст.