Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри мавод дар сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия тамаъ кардани пул аз сайёҳи олмонӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ санҷиш оғоз кард.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як профессори олмонӣ иддао кардааст, ки ҳангоми саёҳаташ дар шаҳри Душанбе ва кӯшиши аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23-юми август мавриди пурсиш ва тамаъҷӯии маъмурони милиса қарор гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, раҳбарияти Вазорат супориш додааст, ки ин маълумот санҷида шавад.

«Санҷиш ҳудуди 1 ҳафта идома ёфта, баъдан аз натиҷаҳояш маълумот дода мешавад, - гуфт номбурда. - Санҷиш аз рӯи далели нашри маълумот сурат мегирад, зеро шаҳрванди Олмон дар бораи тамаъҷӯиии кормандони милиса нисбаташ ба мақомоти милитсия муроҷиат накардааст».