Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт халабон (лётчик)-и ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, капитан Эҳсонҷон Ҷалолов ба ҳалокат расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, фавтида ҳамсар ва як фарзанди хурдсол доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, Эҳсонҷон Ҷалолов панҷ сол пеш омӯзишгоҳи ҳарбии халабониро дар Русия хатм карда, дарҳол баъди хатми он дар сафҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Вазорати мудофиа ба хизмат оғоз кардаааст ва ӯро ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ва ояндадор медонистаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  садамаи нақлиёт дар рӯ ба рӯи бозори "Мадад” рух дода, автомашинаи тамғаи "Тойота ЛК-200”, мутааллиқ ба Низомиддин Асоеви 32-сола, сокини шаҳри Ҳисор ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс” таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолови 27-сола, сокини пойтахт бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс Эҳсонҷон Ҷалолов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Қобили зикр аст, ки падари халабони ҳалокшуда Рафиқҷон Ҷалолов низ халабони ҳарбӣ буд ва собиқадори Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.