Бар асари сӯхторе, ки субҳи рӯзи 5 сентябр дар қаламрави бозори марказии ноҳияи Панҷ рух дод, беш аз 40 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, сӯхтор асосан нуқтаҳои фурӯши маводи зудоташгиранда, аз ҷумла пластикаро фаро гирифтааст.

Сӯхтор субҳи барвақт рух дода, соҳибкорон имкон надошщтанд, ки маҳсулоти худро аз оташ наҷот диҳанд. Аз сӯхтор касе осеб надидааст. Сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зиёни расидаро комиссияи махсус муайян мекунад.

Мақомоти маҳаллӣ изҳор кардаанд, ки ба соҳибкорони осебдида кумак мекунанд. Дар фурӯшгоҳҳои сӯхташуда маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ фурӯхта мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.