Ҷасади кӯдак баъди ба мақомоти пулис расидани маълумот аз кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии “360”, дар яке аз манзилҳои минтақаи шарқи Маскав ҷасади хонандаи синфи 2-юм, зодаи Тоҷикистон пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони пулис ба ин манзил омада, дар бадани кӯдаки фавтида аломатҳои марги маҷбуриро дарёфт накардаанд. Кӯдак ва модари бекори ӯ зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав иқомат доштаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, кӯдак бар асари бемории сироятӣ фавтида, лекин доир ба маҳз аз кадом навъи чунин беморӣ даргузаштани кӯдак маълумот дода намешавад. Ин ҳодиса мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.