Кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар ҷинояти расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар кӯчаи Деҳқони ҳамин шаҳр миёни донишҷӯи соли 1-уми Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи Техникӣ” ва донишҷӯи соли 3-юми шуъбаи расомии Коллеҷи санъати ш.Хуҷанд, ҷавонписари 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муноқиша сар зада, аввалӣ бо корд 2-маротиба ба шиками дуюмӣ задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.