Хонандаи синфи 11 дар манзили ҳамдеҳаи худ дар ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан кор мекардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ин робита хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 2 сентябр рух додааст.

“Наврас аз беэҳтиётӣ зери девори афтидаи хонае мондааст, ки дар он кор мекард. Аз ҷароҳатҳои бардошта хонандаи мактаб дар бемористони марказии шаҳри Истаравшан ҳалок шуд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин ҳодиса мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.