Дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Ваҳдат нимаи рӯзи 7 сентябр нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) бо номи “Сафина” оташ гирифт. Аз сӯхтор касе осеб надид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, соати 12:05-дақиқа дар НФС «Сафина», мансуб ба ҶДММ «Ваҳдат-20», воқеъ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, сӯхтор сар зад.

Гуфта мешавад, мувофиқи иттилои коршиносони соҳа, сӯхтор бо сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз автомашина ба зарфҳои нигоҳдории газӣ, яъне дар натиҷаи ихроҷшавии гази моеъ аз зарфи автомашинаи тамғаи «Дулан» ба амал омадааст.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ва ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои сӯзиши бадан ба қайд гирифта нашуда, зарар аз сӯхтор аз тарафи мутахассисон муайян карда мешавад ва тафтиши ҳодисаи мазкур аз тарафи хадамоту мақомотҳои дахлдор идома дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби ронандагони автомашинаҳои боркаши сӯзишворӣ, дар ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ таркиш ба амал омад. Моҳи июл дар натиҷаи чунин ҳодиса дар ноҳияи Бохтар 1 нафар ҳалок ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Моҳи декабри соли гузашта боз дар НФС-и “Ҳоҷиён”-и ноҳияи Бохтар ба ин монанд ҳодиса рух дода, он ҷо низ автомашаина бо гази моеъ таркид.