Кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда шаби рӯзи 12-уми сентябр дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки  дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ноболиғ ба хонаи бобояш, пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба меҳмонӣ омада будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин мард қаблан бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.