Кормандони милитсия хоҳарон Ашӯроваҳоро, ки рӯзи 12 сентябр бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд. Онҳо ба оворагардӣ машғул будаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, хоҳарони ноболиғ - Анисаи 16-сола ва Мадина Ашӯроваи 13-сола баъди 4 рӯзи гум шуданашон аз ҷониби кормнадони милитсия дарёфт шуда, ба олидонашон баргардонида шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД, духтарон дар қаламрави шаҳри Душанбе дарёфт шуда, ба оворагардӣ машғул будаанд.

Ёдрас мекунем, ки хоҳарон Ашӯроваҳо рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар қаламрави ноҳияи Шоҳмасгури пойтахт бедарак шуда буданд. Ба гуфтаи падари духтарон, нимаи рӯзи 12 сентябр онҳо аз хона баромада гуфтаанд, ки ба мактаби №36 мераванд, вале бо ҳамин дигар барнагаштаанд.

Қобили зикр аст, ки Мадина дар синфи 7-ум хонда, ӯ худаш ҳар рӯз мустақилона ба мактаб мерафтааст, вале он рӯз Аниса низ барои гусел ба хоҳараш ҳамроҳ шудааст.