Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Панҷакентро ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш дастгир карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 45-сола шабона ҳангоми хоб будани ҳамсараш, зани 43-сола, аз ҳиссиёти рашк бо истифода аз арғамчин гулуи ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи маълумоти прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.