Кумитаи тафтишоти Русия далели боздошти як оилаи одамхӯрон дар вилояти Краснодарро тасдиқ кард, хабар медиҳад НТВ.ru бо истинод ба як манбааш дар ин мақомот.

Зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави омӯзишгоҳи авиатсионӣ як баста ва сатиле бо узвҳои ҷисми зан пайдо шудааст.

Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 35-солаи маҳаллиро боздошт кардаанд. Баъди он ки як коргари роҳсоз дар кӯча телефонеро бо аксҳои узвҳои буридаи ҷисми инсон пайдо мекунад, мақомоти пулис пайи гумонбарро дармеёбанд.

Айни замон кормандони Кумитаи тафтишот қатли танҳо 1 нафарро тасдиқ намуда, аммо ба иттилои шабакаи телевизионӣ, ин оилаи одамхӯр метавонад дар содир намудани ҷиноятҳо дар минтақа аз соли 1999 даст дошта бошад.

Гуфта мешавад, имкон дорад онҳо дар куштори аз 7 то 30 нафар гунаҳкор бошанд: зану мард ҷабрдидаҳояшонро гӯё натанҳо куштаву узвҳои онҳоро бурида мехӯрдаанд, балки аз гӯшти одам консерва ҳам тайёр мекардаанд.