Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия ҳодисаи куштори моҳи декабри соли 2007 рухдодаро ошкор намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин куштор 2 тан аз сокинони ноҳияи Конибодом боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон санаи 21 декабри соли 2007 ба манзили сокини 56-солаи ҳамин ноҳия ворид шуда, пай мебаранд, ки духтари соҳиби манзил - хонандаи синфи 8 (соли таваллуд 1993) онҳоро дидааст.

«Онҳо барои халос шудан аз шоҳид, аввал духтарро бо чӯб лату кӯб ва сипас ӯро буғӣ мекунанд, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфт манбаъ. - Баъдан барои рӯйпӯш сохтани ҷиноят, онҳо ҷасади духтарро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд».

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи се моддаи Кодексии ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.