Кормандони милитсия як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба мақомоти милитсяи муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ҳангоми ба мусофиркашӣ машғул буданаш, шахси номаълум ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” савор шуда, хоҳиш намудааст, ки ӯро то манзили истиқоматиаш ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ барад.

Гуфта мешавад, баъдан, ҳангоми ба деҳаи Навбунёд расиданашон шахси мазкур бо мақсади аз худ намудани автомашина, бо корд 6-маротиба ба аъзои бадани ронанда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.