Куштор рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар қаламрави бозори «Гули сурх» ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, номбурда нимаи аввали рӯзи 2 октябр ба ҷойи кори собиқ ҳамсараш, зани 40-сола, соҳибкор, ба кӯчаи Умарови шаҳри мазкур омада, аз сабаби ҳиссиёти рашк, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагӣ 19-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ВКД Тоҷикистон боз доир ба як ҷинояти рӯзи 2 октябр содиршуда хабар медиҳад. Ба гумони оташ задани хонаи сокини 56-солаи шаҳри Ваҳдат домоди ӯ, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуда, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.