Сокини 71-солаи ноҳияи Бохтар бар асари муноқишаи оилавӣ бо якчанд зарбаи корд зану духтарашро захмӣ кард.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, мард ба занаш 5 маротиба ва духтараш 4 маротиба бо корд зарба задааст.

Гуфта мешавад, зан бо духтараш дар бемористон бистарӣ шуда, баъдан мард дар дарахти замини наздиҳавлигиаш хуро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.