Дар пойгоҳи Хмеймими Сурия, ки низомиёни рус онҷо қарор доранд, як ҳавопаймои бомбаандози Су-24 ҳангоми парвоз аз хат берун шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарнишин натавонистааст саривақт худро берун андозад ва ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ин фоҷиа имрӯз, 10 октябр, замоне ки бомбаандоз ба парвоз омода мешуд, рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби садама нуқси техникӣ дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки садамаи Су-24 ҳодисаи сеюми талафоти ғайриҳарбии ҳавопаймоҳои русиягӣ дар амалиёти Сурия аст. Соли 2016 зимни нишастан ба майдони крейсери «Адмирал Кузнетсов» МиГ-29К ва Су-33 ба садама дучор шуда, сарнишинонаш ҷон ба саломат бурданд.

Моҳи декабри соли 2016 ҳавопаймои Ту-154-и Вазорати мудофиаи Русия, ки ансамбли рақсу таронаи ба номи Александров ва роҳбари ташкилоти хайрияи «Справедливая помощь» Елизавета Глинка (Доктор Лиза)-ро ба Сурия мебурд, дар Баҳри Сиёҳ суқут кард.