Муноқиша байни ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо марги яке анҷомид. Муноқиша рӯзи 11 октябр дар соҳили дарёи Душанбе рух дода, дар ВКД танҳо имрӯз аз он хабар доданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ полковник Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки миёни донишҷӯён Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов муноқишаву ҷангу ҷанҷол ба амал меояд.

Ба гуфтаи ӯ, Қурбоналиев ба муноқиша ҳамроҳи дӯстонаш Музаффар Холиқов, Самандар Ҷонмаҳмадов, донишҷӯёни коллеҷи тиббии пойтахт ва Қурбон Каримов ҳамроҳи дӯстонаш Фаррух Каримов ва Парвиз Сайфуллоев омада, ҳангоми занозанӣ Самандар Ҷонмаҳмадов ба Фаррух Каримов бо корд зарбаи марговар задааст.

«Баъди муноқиша С.Ҷонмаҳмадов билети ҳавопаймоӣ харида ба Маскав рафтанӣ мешавад, вале аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ боздошт шуд», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи иштирокчиёни муноқиша боздошт шуда, аз рӯи далели куштор корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.