Субҳи рӯзи 29 октябр дар бузургтарини бозори маркази маъмурии вилояти Хатлон - бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омад.

Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, сӯхтор миёни соатҳои 7-8 дар қисмати дӯконҳои фурӯши масолеҳи сохтмон сар задааст.

Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс», ба ҷойи сӯхтор 15 адад дастаҳои оташнишонӣ ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд. Бар асари сӯхтор 4 мағоза оташ гирифтааст.

Дар бораи сабабҳои сар задани сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест. Дар ҷойи ҳодиса комиссия машғули кор аст, ки зиёни расидаро муайян мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.